ИШТИРОК ДАР ДАР ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «QUALITY SYSTEMS IN MODERN AGRICULTURE: A PRACTICAL PERSPECTIVE»
Дар доираи татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ширкати Green Crops Polska (Ҷумҳурии Лаҳистон) намояндагони донишкада таҳти роҳбарии директори донишкада Хурсанд Содиқзода дар ҳамоиши байналмилалии «Quality Systems in Modern Agriculture: A Practical Perspective», ки рӯзҳои 12–17 июли соли 2026 дар Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор гардид, иштироки фаъолона намуданд.
Дар ҷараёни кори конференсия намояндагони донишкада бо маърӯзаҳо баромад намуда, таҷрибаи муассисаро дар самти омодасозии мутахассисони касбӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзиро муаррифӣ карданд.
Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ, табодули таҷриба ва рушди иқтидори донишҷӯён дар шароити бозори муосири меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки иштироки намояндагони донишкада дар ин ҳамоиши бонуфуз қадами муҳим дар самти густариши робитаҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои минбаъда бо муассисаҳо ва ширкатҳои пешрафтаи аврупоӣ ба ҳисоб меравад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО