МАРОСИМИ ТАҚДИМИ БОТАНТАНАИ ДИПЛОМҲО БА ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШКАДА
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими тақдими ботантанаи дипломҳо ба хатмкунандагон доир гардид.
Дар маросими дипломсупорӣ муовини Раиси вилояти Суғд, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, Зуфар Исмоилзода, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми ҶТ Аҳмадҷон Раҳмонзода, сармутахасиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Фатҳуллозода, HR-директори Гурӯҳи ширкатҳои LEGA, н.и.и. Тӯхтаев Тӯхтабой Муқимович, намояндагон аз ширкату корхонаҳои “Нексигол-мушовир”, ҶДММ “Фаровон”, “Далерон”, бонкҳои “Арванд”, “Эсхата”, “Тавҳид”, роҳбарият, устодону хатмкунандагони донишкада ва волидайни хатмкунандагон ширкат варзиданд.
Директори донишкада Хурсанд Содиқзода чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла афзуд, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илму маориф, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Донишкадаи мо ҳамчун яке аз муассисаҳои пешқадами таҳсилоти олии касбӣ дар самти омода намудани муҳандисон, иқтисодчиён, мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ, энергетика, сохтмон, меъморӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ саҳми арзанда мегузорад. Мо ҳамеша мекӯшем, ки хатмкунандагони донишкада ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ буда, дорои дониш, малака ва ҷаҳонбинии муосир бошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ 594 нафар донишҷӯ муассисаро хатм намудаанд. Аз ин шумора 495 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 84 нафар дар шуъбаи фосилавӣ 12 нафар зинаи таҳсилоти магистратура ва 3 нафар докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD)-ро хатм намуданд. Ҳамзамон, 54 нафар донишҷӯ муассисаро бо дипломи аъло хатм кардаанд.
Муовини Раиси вилояти Суғд, Зуфар Исмоилзода дар баромади худ зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҷавононро ба сӯи қуллаҳои илму дониш, касбу ҳунар, бунёдкориву созандагӣ боз карданд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста, эҳсоси баланди ватандорӣ ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат кунанд. Бо ифтихори баланд бояд қайд намуд, ки дар донишкада тамоми шароити илмомӯзиву иқдомоти муфид фароҳам оварда шудааст. Ин таваҷҷӯҳ пеш аз ҳама аз он далолат медиҳад, ки роҳбарияти донишкада сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллатро бо фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон дар амал татбиқ менамоянд.
Дар ҷараёни чорабинӣ сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми ҶТ Аҳмадҷон Раҳмонзода, сармутахасиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Фатҳуллозода, HR-директори Гурӯҳи ширкатҳои LEGA, н.и.и. Тӯхтабой Тӯхтаев, намояндагон аз ширкату корхонаҳои “Нексигол-мушовир”, ҶДММ “Фаровон”, “Далерон”, бонкҳои “Арванд”, “Эсхата”, “Тавҳид” ва дигарон баромад намуда, роҷеъ ба малака ва маҳорати баланди хатмкунандагони донишкада андешаронӣ намуданд.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба хатмкунандагон диплом тақдим карда шуд.
Барномаи пуршукуҳи фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ буд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО